Ба ҳар як мақола ба таври ҳатмӣ аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва ё олимону мутахассиони аз ҷониби идораи маҷалла аз рӯйи ихтисос ҷалбгардида тақриз дода мешавад. Тақризи манфӣ асос барои рад намудани чопи мавод мебошад (ба муаллиф дар ин бора ба таври хаттӣ ё электронӣ хабар дода мешавад). Муаллифон ба идораи нашрия ҳуқуқи истисноӣ барои истифодаи асарро бо тарзҳои зерин медиҳанд:
1) таҷдид, нашр ва бознашри мақола (ҳуқуқ ба таҷдид ва нашр);
2) паҳн намудани мақола бо ҳар роҳ (ҳуқуқ ба паҳн намудан).
Пешниҳоди мавод ба идораи маҷалла амали ҳуқуқиест, ки ба пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳои дахлдор равона шудааст. Розигии муаллиф ба нашри мавод бо шартҳои зикршуда ҳамчун розигии ӯ оид ба ҷой додани мақола дар шакли электронии маҷалла фаҳмида мешавад. Идораи маҷалла ҳуқуқ дорад мавод ва мақолаҳои маҷалларо дар махзанҳои электронии ҳуқуқӣ ва дигар махзани маълумоти электронӣ ҷойгир созад.
Муаллиф метавонад ҳангоми пешниҳоди мақола идораи маҷалларо оид ба норозигии худ дар хусуси шартҳои истифодаи мақолааш огоҳ созад. Дар сурати вайрон кардани талаботи таҳияи мақолаҳо мавод барои коркард ба муаллиф баргардонида мешавад. Муаллиф вазифадор аст, ки дар бораи тағйироти вориднамудааш идораи маҷалларо огоҳ созад (мактуб дар шакли электронӣ). Ҳангоми риояи нашудани талаботи таҳияи мақола аз ҷониби муаллиф, идораи маҷалла ҳуқуқ дорад бо нишон додани далел ва сабабҳо аз нашри маводи пешниҳодшуда даст кашад ва чопи онро рад созад.
Тоҷикӣ
Русский
English 