ТАЛАБОТ БА МАҚОЛАҲОЕ, КИ БАРОИ НАШР ДАР МАҶАЛЛАИ
«АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД
 

      Ҳаҷми камтарини маводи пешниҳодшаванда – чор саҳифа матн, дар намуди файли MS Word.

     Андозаи чоп: 14, Times New Roman, фосилаи байнисатрии 1,5 (якуним) ҳуруфчинӣ шуда, майдон: боло ва поён – 2,5 см, чап – 1,5 см ва рост – 3,5 см бошад.

Дар мақола ҳатман ҳамроҳ карда мешаванд:

  • номи мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • насаб, ном ва номи падари муаллифи мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • маълумот барои тамос (телефони мобилӣ ва суроғаи электронии муаллиф);
  • фишурда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (то 500 аломат ҳар яке, бо назардошти фосила, нуқта ва вергул);
  • калидвожаҳо (панҷ-ҳафт калимаҳои асосии мақола бидуни тавзеҳи онҳо бо ҷудосозии онҳо тавассути аломати вергул) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қисми болоии матн оварда мешаванд. Масалан, ҳамчуноне ки аз ҷониби М.А. Назарзода ишора гардидааст, «чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…»1.

   Рӯйхати адабиёт бо тартиби алифбо оварда шуда, бо назардошти қоидаҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) оро дода шуда, дар охири мақола оварда мешавад. Мақолаҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад (бо имзои муаллиф).