Маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
Маҷалла соли 2009 таъсис ёфта, муассиси он Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои шаҳодатномаи бақайдгирии нашрияи даврӣ мебошад.
Маҷалла нашрияи обунавии даврии Суди конститутсионӣ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он паҳн мегардад. Маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мусоидат ба инкишофи конститутсионализм, низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузорӣ, маводи ҳуқуқӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар як сол на кам аз чор маротиба нашр мегардад.
Дар Маҷалла маводҳое, ки ба соҳаҳои зерини ихтисосҳои соҳаи ҳуқуқ тааллуқ доранд, нашр карда мешаванд:
- Илмҳои назариявӣ-таърихии ҳуқуқӣ (ихтисос: 5.1.1);
- Илмҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ (давлатӣ-ҳуқуқӣ) (ихтисос: 5.1.2);
- Илмҳои хусусӣ-ҳуқуқӣ (маданӣ) (ихтисос: 5.1.3).
Маҷалла дорои рақами байналмилалии силсиланашрия мебошад (ISSN 3107-247Х).
Маҷалла ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ҳамчунин Маҷалла дар Базаи маълумотҳои таҳлилии - Шохиси илмии тақризшавандаии Россия (РИНЦ) ворид гардидааст.
Тоҷикӣ
Русский
English 