ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ
МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-ИТТИЛООТИИ «АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
 

    Тибқи моддаи 83 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, №1083, нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

   Нахустин шумораи маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2009 ба нашр расидааст, ки мундариҷаи он бо иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мақолаҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва дигар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, олимону мутахассисон ва ҳуқуқшиносон, инчунин, санадҳои Суди конститутсионӣ ва инъикоси фаъолияти касбии онро дар бар мегирифт.

    Маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мусоидат ба инкишофи конститутсионализм, низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузорӣ, маводи ҳуқуқӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар як сол на кам аз чор маротиба нашр мегардад.

      Муассиси маҷалла Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба он шаҳодатномаи бақайдгирӣ аз 31 марти соли 2023, №280/МҶ-97 дода шудааст.

  Дар маҷаллаи илмӣ-иттилоотии «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақолаҳои роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин, санадҳои судии Суди конститутсионӣ нашр мешаванд.